Маркази китобхонаҳои «Екатеринбург» ва Консулгарии генералии Тоҷикистон баргузории барномаҳои муштаракро ба нақша гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар ҷараёни мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва роҳбари шуъбаи байналмилалии Маркази китобхонаҳои «Екатеринбург» Максим Докучаев барои доир намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва маърифатӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора Консулгарии генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Доир намудани барномаҳои Консулгарии генералии Тоҷикистон ба муносибати ҷашнҳои миллӣ дар заминаи китобхонаҳои шаҳрии Екатеринбург баррасӣ шуд.
Аз ҷумлаи барномаҳои эҳтимолӣ озмунҳои расмҳо, иншоҳо, қироати шеърҳо бо забони тоҷикӣ ва маърӯзаҳо ба муносибати санаҳои муҳим номбар шудаанд.
Зикр карда шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати ҳифз ва тарғиби забони тоҷикӣ ва адабиёт дар доираи киноклуб, клуби мубоҳиса, дарсҳои маҳорат, намоишгоҳҳо аз аҳамияти муҳим бархӯрдоранд.
Максим Докучаев барои ҷалби ҷавонони фаъоли ҷамъияти маҳаллии тоҷикон барои баргузор намудани барномаҳои муштарак дар заминаи китобхонаҳои Екатеринбург изҳори омодагӣ ва мусоидат кард.
Яке аз ҳадафҳои ин барномаҳо шинос кардани аҳолии бумии Екатеринбург бо фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллии хоси тоҷикон мебошад.
Мусоҳибон изҳори андеша карданд, ки ҳамкорӣ метавонад дар самти ташкили кор бо нашриёти тоҷикистонӣ барои таблиғи китобҳои тозанашр, хусусан адабиёти бачагона низ сурат бигирад.
Зафар Сайидзода пешниҳоди Максим Докучаевро дар бораи бо дастгирии Консулгарии генералии Тоҷикистон баргузор кардани клубҳои гуфтугӯ барои ҳамватаноне, ки забони русӣ меомӯзанд, инчунин курсҳо оид ба кишваршиносӣ ва омӯзиши забони тоҷикиро дастгирӣ кард.








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






