Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар шакли видеоконференсия доир шуданд

Май 26, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 май даври панҷуми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шакли видеоконференсия баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ва ҳайати покистониро муовини якуми вазири корҳои хориҷии он кишвар Суҳайл Маҳмуд роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни ройзаниҳо доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар арсаҳои сиёсӣ, ҳамкории парламентӣ, пояи қарордодию ҳуқуқӣ, иқтисоду тиҷорат, амнияту дифоъ, маорифу фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуданд. Гузашта аз ин, ҷонибҳо пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории ду кишвар омодагии худро бобати густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамаи заминаҳо дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум таъйид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 26, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид