Миёни Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 22, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади ҳамкориро  дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ ба тасвиб расониданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин, Сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва роҳбарияти ҶДММ «Днепроэнергостал» доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имконияти мавҷуда маълумот дода, омодагии хешро барои густариши робитаҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди пахта, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техникаҳои гуногун ва қисмҳои эҳтиётӣ изҳор намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ ибрози назар намуд.

Инчунин роҳбари ҶДММ «Днепроэнергостал» изҳор дошт, ки ширкат омода аст  донишҷўёнро барои таҷрибаомўзии амалӣ дар фаъолияти рӯзмарраи корхона ҷалб намоянд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалишавии бандҳои шартнома аз соли хониши 2021-2022 сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд омада, бо дастовард ва раванди таълиму тарбияи ин махзани илм шинос шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкорӣ бо шаклҳои гуногун амалӣ шуда, дар якҷоягӣ низоми  истеҳсолӣ ва илмӣ таъсис дода, ба ин васила сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи техникии байни ширкати «Днепроэнергостал»-и  Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сатҳи баланд зарурӣ бардошта хоҳад шуд.

   Акс аз Дафтари  матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 22, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд