«МО БО ШУМОЕМ». ҲХДТ ба хотири дастгирии қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем» озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд. Дар ин бора аз шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Айни ҳол озмун аз рӯйи се номина- маҳорати суханварӣ ва қироати шеър; маҳорати сурудхонӣ; маҳорати навохтани асбоби мусиқии муосир ва халқӣ дар ноҳияҳои мамлакат ҷараён дорад.
Дар озмуни мазкур кӯдакону наврасони аз 6 то 18-сола, ки ба гурӯҳи маъюбон шомиланд, ҳуқуқи иштирок намудан доранд. Озмун аз се давр (барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ду давр) иборат буда, аз нимаи дуюми моҳи апрел то 20 июни соли 2021 ба тартиби зайл ташкил ва гузаронида мешавад: даври якуми озмун аз нимаи дуюми моҳи апрел то 15 май; даври дуюм аз нимаи моҳи май то 10 моҳи июн (ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ); даври сеюм ( даври ниҳоӣ) 25 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ғолибони даври ниҳоӣ ба комиссияи озмун то 15 июн пешниҳод мешаванд.
Тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи озмун, дар он як нафар танҳо дар як номина иштирок карда метавонад. Довталаб дар хондани шеър, суруд ва навохтани асбоби мусиқӣ вобаста ба номинаи интихобкардааш озод аст. Кӯдакону наврасоне, ки дар мактабҳои касбии санъат ва мусиқӣ таҳсил менамоянд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.
Барои гузаронидани озмун дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссия дар ҳайати панҷ нафар таъсис дода шудааст. Барои даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) комиссияи озмун дар ҳайати панҷ нафар бо имзои муовини якуми Раиси ҲХДТ Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Баҳо аз 6 то 10 холро дар бар мегирад. Ҷамъи баҳои аъзои комиссия ғолибони озмунро муқаррар менамояд. Барои иштирокдороне, ки баҳои якхела мегиранд, ҳайати комиссия бо бартарии мазмуну муҳтаво ҷой муқаррар менамояд.
Ба ғолибони озмун барои ҷои аввал (се ҷой)- ҳар яке 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ; барои ҷои дуввум (се ҷой)- ҳар яке 3000 (се ҳазор) сомонӣ; барои ҷои сеюм (се ҷой)- ҳар яке 2000 (ду ҳазор) сомонӣ мукофотҳо муайян шудаанд. Ҳамзамон мукофоти ҳавасмандӣ барои ҳамаи штирокдорони даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ)- ҳар яке 500 (панҷсад) сомонӣ муқаррар карда шудаст.
Инчунин иштирокдорони фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд. Барои як нафар фаъолтарин иштирокдори озмун Шоҳҷоиза ва мукофоти махсус муқаррар гардидааст.
Зикр гардид, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якуму дуюм масъул буда, ба ғолибони ин даврҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳанд ва ба иштироки онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мусоидат менамоянд.
Ҳадафи баргузории озмун аз дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иборат мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз КИ ҲХДТ










Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад






