ҶАШНИ ХУШБАХТӢ, МУҲАББАТ ВА ВАФОДОРӢ. Ба шарафи Рӯзи байналмилалии оила ба навхонадорони Бадахшон шаҳодатномаҳо тақдим шуданд

Май 15, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба волидайни кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллуд супорида шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Дар ҳамоиш, ки бо ташаббуси шуъбаи занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии МИҲД ВМКБ доир шуд, муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода сухан гуфт.

Мавсуф иброз дошт, ки  Рӯзи байналмилалии оила ҳамасола 15 май ҷашн гирифта шуда, он соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис дода шуда буд.

“Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони имрӯза, дар замони аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши ин рӯз гардид. Ин ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист”,-тазаккур дод Назира Амирбекзода.

Дар ҳамоиш ҳамчунин оилаҳои ҷавон аз шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, маҳорати хонаводагӣ ва ҳунари кадбонугии худро ба иштирокдорон нишон доданд.

Май 15, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид