Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён: Сокинони аз офати табиӣ зарардида худро танҳо эҳсос намекунанд
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои офати табие, ки 11 май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваста буд, бартараф карда мешаванд.
Тавре муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён дар суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «мардуми аз офати табиӣ зарадидаи шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои сахт худро танҳо эҳсос накарданд. Аз рӯзҳои нахустини рух додани офати табиӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил гардид, ки ба он ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода низ шомил гардиданд. Онҳо ба шаҳри Кӯлоб омада, мавзеъҳои офатзадаро аз назар гузарониданд.
Орзу Ҳамидиён зикр кард, ки бо мақсади бартараф намудани хисороти офати табиӣ дар радифи дигар мақомоти давлатии марбута кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳои шаҳри Кӯлоб саҳм гузошта истодаанд. Ҳамарӯза ба 247 хона аз ҳисоби беш аз се ҳазор нафар кормандони муассисаю ташкилот гурӯҳҳои ёрирасони корӣ иборат аз панҷ то даҳнафарӣ сафарбар карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба зарардидагон кумак мерасонанд.
Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, ки бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва барқарорсозии тамоми иншоот ва инфрсохторе, ки дар натиҷаи омадани сел пурра ва қисман зарар дидаанд, аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба шаҳри Кӯлоб корвонҳои кумак мерасанд. Аввалин шуда, ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб корвони кумакҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корвони ёрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси вилояти Хатлон, инчунин аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расиданд, ки аз маҳсулоти хӯрокӣ, сохтмонӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор ва маишӣ иборат буданд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май бар асари офати табиӣ –омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар фавтида, инчунин 33 хонаи сокинон пурра вайрон гардид, ки аз нав сохта мешаванд. Ҳамзамон қариб 300 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд. Инчунин садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи мошингарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд. Офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хатти Роҳ, Нонвойи Поён, Корвонгузар, Ҷумъа Алӣ, Кӯҳнашаҳр, Бистсолагии Истиқлолият, қитъаҳои 3, 4, 5 ва кӯчаи Даминзода хисороти калон расонид. Инчунин зиёда аз 50 метр роҳи байналмилалии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 — и шаҳр канда шуда, 4 пули мошингузар пурра вайрон гардидаанд, ки дар ин шабу рӯзҳо барқарор мегарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Кӯлоб-Душанбе













Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






