Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Данғара боздид намуданд

Май 28, 2021 16:09

ДУШАНБЕ, 28.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ  ба ноҳияи Данғара бо раванди амалигардии «Лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи 3 шинос шуданд.

Баъди татбиқи пурраи тарҳи мазкур беш аз 1700 гектар заминҳои лалмии мавзеи Ғарғара бо усули анъанавӣ ва қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Ҳангоми боздид аз ҷараёни обёрии пахта ва ғалла ба лоиҳакашону деҳқонон дастур дода шуд, ки бо истифодаи оқилонаи об ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро баланд бардоранд.

Ҳамзамон оид ба иҷрои лоиҳаи мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо масъулин ва иҷрогарони лоиҳа ҷаласа доир гардида, муовини Сарвазири мамлакат Д. Гулмаҳмадзода доир ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Май 28, 2021 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд