Мутахассисони давлатҳои СҲШ Созишномаи байнидавлатиро дар бораи ҳифзу нигоҳдории ашёи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май Конфронси онлайнии аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба баррасии Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи муҳофизат ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва таърихӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар муҳокима коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳофизат ва нигоҳдории мероси таърихӣ ва фарҳангии кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар конфронс сардори Раёсати муҳофизат ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои коршиносони ИДМ Шералӣ Хоҷаев намояндагӣ кард.
Созишнома, ки тамоми ҷанбаҳои муҳофизат, нигоҳдорӣ, таъмир, барқарорсозӣ, истифода, таблиғ ва муаррифии ёдгориҳои мероси ғайримоддии кишварҳои аъзои СҲШ-ро дар бар мегирад, аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони давлатҳои аъзои СҲШ ҳамаҷониба таҳлил ва баррасӣ гардида, барои тасдиқ намудан тавсия шуд.
АКС аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






