Нақши ҷавонон дар хизмати давлатӣ назаррас аст

Май 20, 2021 09:38

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ» бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академия, намояндагони вазорату идораҳо ва олимону муҳаққиқони дигар муассисаҳои олии кишвар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Амид Комилбек иброз дошт, ки “Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконоти васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Имрўз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ташаббусҳои ҷавонони тоҷик дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ собит намуд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули сиёсати давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саҳм гузоранд”.

Зикр шуд, ки баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия имрӯзҳо аксари хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар конференсия  дар мавзӯъҳои “Хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ҷавонон дар он”, “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон”, “Инъикоси масоили худшиносии ҷавонон дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

Май 20, 2021 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст