Намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба тамошои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» мераванд

Май 29, 2021 08:44

ДУШАНБЕ, 29.05.2021/АМИТ «Ховар»/. 29 май роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба тамошои  мамнуъгоҳи  «Бешаи палангон» мераванд. Онҳо бо  ин гӯшаи зебои Тоҷикистон,  бо захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти беназир ва  нодиртарин мавзеъҳои табиии давлатӣ — мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки соли 1938 таъсис ёфтааст, шинос мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Шиносоии намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон  барои  шуҳрати бештар пайдо кардани боигариҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла шомил шудани мамнӯъгоҳи мазкур ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО  ва рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби Кумита ҷиҳати оммавигардонӣ ва таблиғи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон бо 3 забон маълумот омода карда шудааст, ки он ба меҳмонон ҳамчун роҳнамо хизмат хоҳад кард. Ҳамзамон иштирокчиёни ин сафар аз хизмати роҳбаладҳо ва тарҷумонҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баҳравар хоҳанд гашт.

 Акс аз манбаъҳои боз

Май 29, 2021 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад