Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ аз тавофуқот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуд

Май 1, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман перомуни вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат Вазири корҳои хориҷӣ ба Намояндаи вижа роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллу фасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот дод. Дар ин росто, бо ишора ба аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатӣ, инчунин вохӯриҳои сарвазирон, тамосҳои телефонии вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар, зарурати риояи реҷаи оташбас таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон азми қавии Душанберо барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳарду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ иброз намуд.

Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ аз тавофуқот дар мавриди оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда, дар ин росто аз саҳми босазои ҷониби мо дар ин раванд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Дабири кулли СММ вазъият ва ҳаводиси марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва аз эълони оташбас низ хушҳол аст. Зимнан Н. Герман аз омодагии Дабири кулли СММ барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада хабар дод.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милалро дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 1, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд