Нашриёти «Орван» китоби «Нахли меҳр»-и Гурез Сафарро бо ҳуруфи ниёгон нашр намуд

Май 13, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Нахли меҳр»- чунин ном гирифтааст китоби тозанашри шоири тоҷик  Гурез Сафар, ки дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон  рӯи чоп омад.

Китоби «Нахли меҳр», ки дар он шеърҳои сафед, ғазал ва рубоиёти шоир  ҷой дода шудаанд, аз ҷониби Мубашшири Акбарзод аз хатти кириллӣ ба форсӣ  баргардонида ва баъзе вожаҳои тоҷикӣ тавзеҳ дода шудаанд.

Бо чопи китоби «Нахли меҳр»-и шоир хонандагони форсизабон имкон доранд  онро мутолиа намуда, бо  ҳунари шеърнависӣ ва фазои шеъри Тоҷикистон, ки Гурез Сафар як тан аз намояндагони он мебошад, шинос шаванд. Дар сатр-сатри ин шеърҳо шоир дуои рушду ободии Ватанро ба лаб дорад. Шоир дар лобалои чакомаҳояш аз бузургони адабиёти тоҷик, назири Устод Рӯдакӣ, Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, падараш Ашӯр Сафар — Шоири халқии Тоҷикистон ва амакаш Ниёз Сафар — собиқадори арсаи маориф, модари меҳмоннавозаш, ҳамсари вафодораш, аз дӯстони хонаводагиаш — Одина Ҳошим, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Мирзо Файзалӣ, табибон — Соҳиб Боқӣ, Юсуф Ҳасанов, Соҳибназари Раҳмон ёдоварӣ намуда, шукри он кардааст, ки ӯ идомаи онҳост.

Шоир, ки дар хонадони марди суханпарвар ба камол расидааст, танҳо аз дороиаш — шеър ифтихор дорад. Китоби «Нахли меҳр» зодаи эҳсос ва андешаҳои шоир аст, ки бо меҳру муҳаббат нигошта шудааст.

                                                                                   АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид