ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши жола аз эҳтимол дур нест

Май 21, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туман фаромада, бориши жола пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона  7+12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешбинӣ шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18  ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво   тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водигӣ  бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22  дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман мефарояд.  Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона  22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда,   дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  14+16 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Май 21, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд