ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






