ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷкистон борон борида, раъду барқ ба амал меояд

Май 6, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борон меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур набуда, дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани жола низ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо  борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона  19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  13+15 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Май 6, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа