Олимони тоҷик дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон» иштирок карданд

Май 5, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон», ки дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ баргузор гардид, дар шакли онлайн иштирок карданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз АМИТ иттилоъ доданд, конфронс ба 80-умин солгарди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва таҷлили 76-умин солгарди Ғалабаи бузург бахшида шуда буд.

Иштирокчиёни конфронсро сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Челябинск Дмитрий Семенов, консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода, инчунин ноиби консули Ҷумҳурии Қирғизистон дар Екатеринбург Чолпонай Аҷиматова шодбош гуфтанд.

Иштирокчиёни конфронс маърӯзаҳоро дар бораи коргарони ҷабҳаи ақибгоҳ, инчунин дар бораи ҳаёти рӯзмарра ва фарҳанг дар ақибгоҳ ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шуниданд. Муҳаққиқон дар хусуси сарнавишти одамони кӯчонидашуда, дар бораи чӣ тавр дар Осиёи Марказӣ пазируфта шудани онҳо ва зиндагии минбаъдаи онҳо суҳбат ва зикр карданд, ки аксари кӯчонидашудагон минбаъд дар Осиё монда, онҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳикояҳо дар бораи корнамоиҳои меҳнатӣ ва башардӯстонаи сокинони ИҶШС ба таври махсус зикр  карда шуданд.

Иштирокчиёни конфронс ва маърӯзачиён иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо заруранд, зеро бо вуҷуди таҳқиқоти анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам тасвири мукаммали Ҷанги Дуюми Ҷаҳон вуҷуд надорад — бисёр нуктаҳо тасҳеҳталаб мебошанд.

«Ҷанги Дуюми Ҷаҳон — яке аз фоҷиабортарин, вале дар айни замон яке аз саҳифаҳои пурифтихори тамоми халқи Шӯравӣ мебошад. Ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ, ҳар вилоят, ҳар шаҳр дар кори Ғалабаи бузург саҳми худро гузоштааст. Имрӯз нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷанг ва сабақҳои гирифтаамон хеле муҳим аст. Наслҳои ҷавон вазифадоранд ин хотираро ҳифз ва  корнамоиҳои наслҳои гузаштаро пос доранд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо дар вуҷуди худ ҳисси масъулиятшиносиро барои ҳифзи сулҳ ва амният дар сайёраи мо ташаккул хоҳанд дод», — гуфт Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода.

Илова бар ин, дар доираи конфронс муаррифии маҷмӯаи мақолаҳои илмии «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон» баргузор гардид. Ба ҳайати таҳририяи маҷмӯа муҳаққиқони саршиноси Россия, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомил шудаанд.

 

АКС аз Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ

Май 5, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ