Пагоҳ дар Тоҷикистон Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту — 2021» оғоз меёбад

Май 18, 2021 15:16

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2021» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов гузаронида мешавад.

Ҳадафи фестивал-озмун аз рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстиву ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Дар Фестивал-озмун  11 театри касбии ҷумҳурӣ  иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки  тўли солҳои 2019-2021 рўи саҳна омадаанд ва интихоби мавзўъ озод аст. Натиҷагирии Фестивал-озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии кишвар гузаронида шуда, инчунин дар ҷараёни баргузории Фестивал-озмун ду  ҳамоиш дар назар аст: «Ато Муҳаммадҷонов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон”. Дар ин ҳамоишҳо андешаҳои мунаққидон ва театршиносон дар бораи асарҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшуда манзур мешаванд.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии   театрҳои касбӣ – «Парасту» анъанавӣ буда,  дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва  дар он театрҳои касбии  тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.   Даромад ройгон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки маросими пӯшидашавии Фестивал- озмун  25 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии  опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Май 18, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид