Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10-11-уми июни соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Бино бар ин, аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабиниҳо дар чаҳорчӯби сафари мазкур то 4 июни 2021, соати 15:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (телефон +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) муроҷиат карда, маълумоти лозима пешниҳод намоянд», -омадааст дар хабарномаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-10 марти соли 2018 ва нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 17-18 августи соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар ва халқи ҳамсояву дӯст давраи нави тиллоӣ боз намуданд.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Дар рафти мулоқот ва музокироти самарабахш, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии вазъи имрўзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид






