РӮЗИ ЁДБУДИ ФИРДАВСӢ. Дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон ҳамоиши байналмилалии маҷозӣ баргузор гардид

Май 17, 2021 11:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 май дар Тоҷикистон, кишварҳои дигари ҳавзаи забони тоҷикӣ-форсӣ ва сойири мамолики олам ҳамчун Рӯзи гиромидошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҷашн гирифта мешавад, ки бо қарори ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.  Дар ин рӯз дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон ҳамоиши байналмилалии маҷозӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳаддоди Одил, Сафирони Тоҷикистон ва Афғонистон дар Эрон, аҳли илму адаб аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон доир ба нақши забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ) ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар таърихи забону адаби  кишварҳои минтақаи ЭКО суханронӣ карданд.

Дар суханронии Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ таъкид гардид, ки  «забони муштараки мо, ки он имрӯз бо номҳои форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон ва тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар маснади забонҳои давлатӣ дар ин кишварҳо қарор гирифтааст, дар ҳама давру замонҳо  посдор ва муҳофизи ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои гузаштагони мо будааст. Ин рисолати бузургро забони мо дар лаҳзаҳои душвори таърих, ки хатару чолишҳое бар ҳастии маънавӣ ва ҳувияти миллии ниёконамон таҳдид мекарданд, ба беҳтарин ваҷҳ ба иҷро расонидааст. Ҳамин забони муштарак буд, ки дар қарнҳои нахусти ислом зуҳури он мӯҷиби ҳифзи асолати фарҳанг, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ  ва ҳувияту ҳайсияти маънавии Аҷам пас аз футуҳоти араб гардид. Ҳамин забони муштарак буд, ки бо вуҷуди таҳоҷуми пайвастаи бегоназаминон ба Эронзамини таърихӣ  ва кишвардории онҳо дар ин қаламрави куҳан  дар тӯли қуруни вусто ҳамчун забони адаб, илм, фарҳанг ва давлатдорӣ боқӣ монд ва бо ҳастии худ ҳастии маънавии қавмҳои ориёиро тадовум бахшид».

Дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ низ вақте омилҳои ҳувиятзудо ва фишорҳо ба фарҳангу суннатҳои миллии халқи тоҷик густариш пайдо карданд, ҳамон рисолати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангиро забони тоҷикӣ ба дӯши худ гирифт ва нагзошт, ки тоҷикон аз фарҳангу маънавияти худ  ҷудо гарданд ва кистиву чистии худро фаромӯш кунанд.

ДАР АКС: ҳайкали Фирдавсӣ дар Душанбе

ДАР АКС: мақбараи Фирдавсӣ дар шаҳри Тӯси Эрон

Дар идомаи суханронии Сафири Тоҷикистон таъкид гардид, ки пас аз касби истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бо ибтикороти хушоянди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки парчамбардори ростини ҳимоят аз забон, маънавият ва фарҳанги ниёкон шинохта шудаанд, давраи нав барои пешрафти забони тоҷикӣ шурӯъ гардид, доираи истифодаи он густариши комил пайдо кард, бо қабули қонуни вижа забони тоҷикӣ дар маснади забони давлатӣ истиқрор ёфт ва ҷиҳати посдошташ рӯзи 5 октябр дар тақвими Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ эълом гардид.

Сафир Низомиддин Зоҳидӣ дар фарҷоми суханронӣ бо ишора ба зарурати ҳифзи забони муштараки ниёкон аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ  таъкид кард, ки соҳибони имрӯзи забон бояд онро бо ғаномандии беш аз пеш ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд, ҳамчунон ки дар вақташ ниёкони бедордили мо дар ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, бавижа забони модарии хеш талош намуда, шоҳкориҳои адабиву фарҳангии худро дар қолаби ин забон барои мо ба мерос гузоштаанд, ҳамчунон ки ҳакими донои Тӯс “Шоҳнома”-и безаволи худро ба ин забон зевар баст ва муҳри лоязолиро ба ин забон зад. Аз ин рӯ, Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти ҳаким Фирдавсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Рӯзи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рӯзҳои ифтихору нозиш аз забон ва аз кохи бегазанди назми форсӣ-тоҷикӣ мебошанд, балки шомили даъват  ба шинохти қадру қимати забони модарӣ, даъват ба посдорӣ ва ҳимояти ин мероси арзишманди ниёкон ҳастанд.

Дар ҳамоиши маҷозии мазкур ҳамчунин директори Китобхонаи марказии ба номи Индира Гандии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Шодимаҳмад Сӯфизода сухан карда, аз нақши “Шоҳнома” дар ҳифзу густариши забони форсӣ-тоҷикӣ ва дар ин ҳамосаи бузурги миллии Аҷам ҳифз шудани теъдоди зиёди вожаҳое, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ба ҳамон маънии аслии худ роиҷ ҳастанд, вале дар қисматҳои дигари қаламрави забони форсӣ маъмул нестанд, ёдовар шуд.

Хотиррасон мешавем, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис дода шудааст. Соли 1992 ба ин созмон Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ шомиил шуданд.

14 сентябри соли 2004 дар Душанбе ҷаласаи 8-уми сарони давлатҳои узвим ЭКО баргузор гардид.

Муассисаи фарҳангии ЭКО соли 2010 таъсис ёфтааст.

Бо қарори ин созмон олҳои 2020-2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ЭКО эълон карда шудааст.

                                            АКСҲО  аз ВКХ ҶТ ва АМИТ «Ховар»

Май 17, 2021 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад
ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд