Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли хонаводаи Ҷасур Сиярқулов изҳори ҳамдардӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич, ки дар даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар Исфара ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.
Тавре аз Хадамоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакпулӣ супорида, ба наздикони ӯ сабри ҷамил хост.
-Миллати сарбаланди тоҷик хотираи қаҳрамонҳои хешро ҳамеша пос медорад ва давлату Ҳукумат барои арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои чунин диловарон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Қаҳрамонии Ҷасур Сиярқулов ва ҳамхизматонаш то абад дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт гардида, корномаҳои чунин фарзандони шуҷову далерро ояндагон бо ифтихор ёд мекунанд, -таъкид намуд Раиси вилоят.
Ёдовар мешавем, ки аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






