Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмаи миллии Осиё дар соҳаи об иштирок намуд

Май 12, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 12.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ  дар кори сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмаи миллии Осиё дар соҳаи об ба таври реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Президенти Шӯрои машваратии Маҷмаи миллии Осиё дар соҳаи об  Ил Бюн ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмаи миллии Осиё дар соҳаи об Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ баромад намуда, иброз дошт, ки захираҳои об барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Вале масоили об бо назардошти чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири тағйироти иқлим ва афзоиши аҳолӣ, сол то сол мушкилтару мубрамтар мегарданд. Ҳамагири КОВИД-19 бошад, бори дигар аҳамият ва арзиши обро барои таъмини бехатарии инсоният возеҳ намуд.

Ман аз он мефахрам,-гуфт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ,  кишвари ман – Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон кишвари пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф шуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Мавриди зикр аст, ки тайи бист соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаро оид ба об қабул кард, ки дар байни онҳо «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»қобили зикри махсус мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ташаббусҳо иқдомҳои зиёдеро тай намуда, барои ҳадафманду муассир гаштани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” Раванди Душанберо бо баргузории конфронсҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар ҳар ду сол як маротиба роҳандозӣ намудааст.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин зикр намуд, ки Конфронси навбатии ин раванд моҳи июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст ва мо умедворем, ки намоядагони Шўрои мазкур ва ҳамкорони мо аз парлумонҳои кишварҳои аъзо низ дар ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ ширкат хоҳанд кард.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси Душанбе ҳамчун чорабинии асосии раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 эътироф шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тоза аъзои Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим интихоб шудаанд, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Мо мутмаинем, ки ин пешниҳод низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ пазируфта шуда, дар доираи он иқдомҳои густурда барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.

Дар кори сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмаи миллии Осиё дар соҳаи об Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Май 12, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»