Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар менамояд

Май 29, 2021 10:56

ДУШАНБЕ, 29.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар раъси як ҳайати парлумонии кишвар, шомили Саидмурод Фаттоҳзода — Раиси  кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо даъвати  Раиси  Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар  ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ аз 29 май то 4 июни соли 2021  ба пойтахти Ҷумҳурии  Исломии Покистон шаҳри Исломобод сафари расмӣ менамоянд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ 10 давлат, аз ҷумла кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон шомил мебошанд. 21 – уми майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуда, дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ба расмият даровард. Дар доираи Созмон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Паймони Измир, Созишнома оид ба тиҷорати транзитӣ дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созишномаи сиғавии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Донишкадаи фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Ойинномаи Бунёди илмии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Ойинномаи Донишкадаи маорифи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисод ва дигар санадҳо тасдиқ гардида, ба имзо расидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмони мазкур дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кишоварзӣ, саноат, телекоммуникатсия, фарҳанг ва маориф ҳамкориҳи густурдаро ба роҳ мондааст.

Май 29, 2021 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд