Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаи панҷгоникҳо маоши якмоҳа ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон ба хонаводаи панҷгоникҳо, ки дар ноҳияи Қубодиён зиндагӣ менамоянд, маоши якмоҳаи худ ва туҳфаҳои молӣ- ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ барои ҷиҳозонидани хонаи истиқоматии панҷгоникҳоро, ки айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён бунёд гардида истодааст, тақдим намуданд. Инчунин ба панҷгоникҳо маводи хӯрокворию ғизои кӯдакона ва ба волидони онҳо кумаки молиявӣ расонида шуд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои хонаводаи панҷгоникҳо рӯзҳои наздик ба анҷом расида, панҷгоникҳо — Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.
Дар нақша аст, ки то рӯзи омодашавии хонаи нави истиқоматӣ гилему кӯрпаҳо, қандилу таҷҳизоти ошхона ва дигар ҷиҳози хонаи хоби кӯдакон дастраси оила карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки дастгирии ҳар нафари ниёзманди ҷомеа аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад. Ин амалҳои нек баҳри расидан ба якдиливу якмаромӣ ва зиндагии шоиста равона гардидаанд.
Аксҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






