«РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҒАРҚШАВИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ҲАНГОМИ ОББОЗӢ». Дар ин мавзӯъ дар Душанбе семинар-машварати дастурдиҳӣ доир гардид

Май 29, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 29.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  28 май дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» семинар-машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ» баргузор гардид.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо фаро расидани фасли гармо, мавсими оббозӣ ва  ба таътили тобистона баромадани хонандагон  омӯзгорону падару модаронро масъалаи ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ, ки чунин ҳодисаҳо солҳои қаблӣ зиёд ба мушоҳида мерасиданд, ба ташвиш меорад.

«Аз ин рӯ бо дастури Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе   ин семинар – машварати дастурдиҳӣ бо иштироки мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардорон, сармураббиён, мураббиёни майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистона, инчунин директорони марказҳои кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозии наврасон  мебошад»,- афзуъ манбаъ

Ҷамъомади мазкурро директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комил Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, сабабу омилҳои ба ин ҳодисаи нохуш дучор омадани наврасонро шарҳ дод.

Сипас  ба иштирокчиёни семинар-машварт оид ба мавзӯи зикргардида видеоролики тарғиботӣ намоиш дода шуд.

Сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода  зарурати ташкил ва баргузории чунин семинар-машварат ва риояи ҳатмии қоидаҳои оббозӣ дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳриро таъкид намуд.

Сипас  намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  майори маркази таълимӣ-методии Раёсат Мушкинисо Халифаева ва муовини сардори дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ, майор Ҳабибулло Февлофгиев оид ба роҳҳои пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ, омӯзонидани қоидаҳои оббозӣ ба кӯдакону наврасон ва назорати ҷиддӣ бурдани калонсолон ҳангоми оббозии  онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар фарҷоми семинар-машварт ба иштирокчиён “Дастури тавсиявӣ оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ барои кӯдакону наврасон” ва варақаҳои тарғиботӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» омода гардида буд, дастрас гардонида шуд.

Май 29, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд