Россия барои татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ 900 ҳазор доллар ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) оид ба «Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, кӯдакони навзод ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки онро Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мекунад. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ин лоиҳа солҳои 2021-2023 амалӣ гардида, ҳадафаш баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ дар беморхонаҳо барои коҳиш додани фавти модарон ва кӯдакон, суръат бахшидан ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар доираи ин ҳамоиш мутахассисони СУТ аз марказҳои ҳамкории Россия-Маркази миллии тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи ба номи академик В.И.Кулаков барои мутахассисони тоҷик якчанд тренингҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон баргузор менамоянд. Инчунин дар доираи Лоиҳа барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Барои татбиқи ин лоиҳа Федератсияи Россия тақрибан 900 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






