Россиягиҳо мехоҳанд тобистонро дар Тоҷикистон сипарӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон яке аз кишварҳои маъмули сайёҳӣ шудааст ва россиягиҳо аз моҳи май дар ҷустуҷӯи чиптаи парвоз мебошанд. Тавре агентии хабаргузории росиягии «Sputnik» хабар медиҳад, дар ин бора маълумоти пажӯҳиши Маркази таҳлилии хадамоти мусофират ва саёҳати «Туту.ру» шаҳодат медиҳад.
Коршиносон омӯхтаанд, ки сайёҳон дар моҳои охири баҳор бештар ба кадом кишварҳоро чиптаи ҳавопаймо меҷӯянд. Ҳамин тавр, таҳлилгарон дархостҳоро оид ба ҷустуҷӯи самтҳои парвоз дар тобистони соли 2021 аз Маскав баррасӣ кардаанд.
Тадқиқот нишон додааст, ки аксарияти шаҳрвандони кишвар (76%) ба шаҳрҳои Россия рафтанро афзалтар медонанд ва — 24% кишварҳои хориҷаро интихоб кардаанд.
Самтҳои маъмултарини хориҷӣ Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Молдова ва Украина мебошанд. Тақрибан 70% ҷустуҷӯҳои чиптаҳои ҳавопаймо барои тобистон ба ин самтҳо рост меоянд.
Вале нисбат ба кишварҳои зикршуда, Туркия, Юнон, Гурҷистон, Миср, Булғористон, Кипр, Черногория, Аморати Муттаҳидаи Араб, Сербия ва ИМА дар қатори 20 кишвари барои росиягиҳо бештар маъмул шомиланд.
Аксарияти сокинони кишвар гузаронидани тобистонро дар шаҳрҳои Федератсияи Россия авлотар медонанд. Мувофиқи маълумоти таҳлилгарон, россиягиҳо бештар дар ҷустуҷӯи чиптаҳо ба самти Симферопол, Сочи, Анапа, Санкт-Петербург, Геленджик, Калининград, Краснодар, Махачкала, Минералние Води ва Ростови лаби Дон будаанд.
Қазон, Новосибирск, Уфа, Екатеринбург, Омск, Красноярск, Волгоград, Иркутск ва Саратов низ ба бистгонаи самтҳои серталаб ворид шудаанд.
RT қайд мекунад, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Маскав ба шаҳрҳои Россия дар моҳи май нисбат ба соли 2019 23,5% коҳиш ёфтаанд.
Пештар таҳлилгарон муайян карда буданд, ки аксари шаҳрвандони Россия тобистонро чӣ тавр гузаронидан мехоҳанд. Зиёда аз 50% онҳо дар давраи аз июн то август ба кишварҳои хориҷӣ рафтан мехоҳанд ва 44% мехоҳанд дар қаламрави Россия бимонанд.
ФОТО: avia-all.ru








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






