«Русмостранс» ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб кумак намуд

Май 17, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз  аз номи соҳибкорони Ширкати «Русмостранс»-и Федератсияи Россия ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб кумак, ки  аз  20 тонна орд, 2 тонна равған ва 2 тонна шакар  иборат буд, расонида шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  чандин рӯз аст, ки   бо мақсади расонидани ёрии амалӣ  ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида корвони кумакҳои  башардӯстона аз  шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ба шаҳри  Кӯлоб ворид  мегарданд.

— Аз ҷумла,  16  май  аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб  33 тонна арматур, 40 тонна семент, 10 тонна орд, 2 тонна шакар, 2 тонна равған (400х5 литра), 1 тонна макарон, 50 кӯб тахта, 2 тонна сим, 500 дона гипсакартон, 500 дона картони навъи ДВП кумак  расонида шуд,-афзуд манбаъ.

Хотиррасон мешавем, ки 12 май аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корвони кумакҳо   барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, аз қабили   40 т орд, 20 т биринҷ, 10 т равған, 40 т картошка, 40 т пиёз, 20 т шакар, 1 т гӯшт, 20 т арматура, 1 т мех, 5000 метри кубӣ бомпӯш,  200 куб тахта, 100 т семент, 1200 адад ҷиҳози рахти хоб  расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини  шаҳри Кӯлоб  ба ҳалокат расида, даҳҳо  хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои  мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди  маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.  Корҳои барқарорсозӣ дар ин самт идома  дошта, кормандону донишҷӯёни ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо дар бартараф сохтани офати табиӣ саҳм гузошта истодаанд.

Май 17, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд