Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нусхаи эътимодномаи худро супорид
ДУШАНБЕ, 13.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Сафир бо Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.
Сафири Тоҷикистон дар бораи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам густариши муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, маълумот дод. А.Раҳмонзода инчунин итминон дод, ки омодааст барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба кӯшиши зарурӣ ба харҷ диҳад.
Ҳамчунин Сафир бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев мулоқот анҷом дод.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






