Сафорати Франсия дар Душанбе ҷудо шудани бурсияи таҳсилии ҷои стипендиятӣ дар зинаи магистратураро эълон намуд

Май 24, 2021 11:19

ДУШАНБЕ, 24.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Сафорати Франсия дар Душанбе ҷудо шудани бурсияҳои таҳсилиро дар соли таҳсили 2021-2025  барои ҷои стипендиятӣ ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратура эълон намудааст.

Тавре аз Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, маълумот оид ба стипендия, тартиби қабул ва қоидаҳои таълимии аз ҷониби муассисаҳои тасдиқшуда дар вебсайти Сафорат мавҷуд аст. Довталабонро зарур аст, ки аз рӯи ихтисосҳои муайянамудаашон дар вебсайти донишгоҳҳои давлатии Франсия аввал худро ба қайд гирифта, баъди бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои заруриро (бо шакли PDF) ба почтаи электронии bourse.tadjikistan@mail.ru ба Сафорати Франсия дар Душанбе ирсол намоянд.

Шарти иштирок дар озмун барои гирифтани стипендияи барномаи магистрӣ- бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошад; бе маҳдудияти синну сол; интихоби ихтисос озод аст; бартарӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар барномаҳои дудиплома таҳсил мекунанд; донишҷӯёне, ки аллакай дипломи дараҷаи магистриро соҳиб шудаанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд.

Донишҷӯён уҳдадор мешаванд, ки дар ҳама дарсҳо иштирок кунанд, вагарна  онҳо аз стипендия маҳрум  хоҳанд шуд.

Эълони натиҷаҳо: натиҷаҳои озмун баъд аз 02.07.2021 дар сомонаи Сафорати Франсия дар Тоҷикистон https://tj.ambafrance.org  эълон мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Май 24, 2021 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд