Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Бориши рӯзи 11 майи соли равон дар ноҳияи Ёвон боиси обхезӣ гардида, дар деҳоти Обшорон ва Ситораи сурх ба манзилҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
Аснои шиносоӣ бо ҳолати баамаломада Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ вазифадор намуд.
Дар идома Сарвазири мамлакат бо оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳолати баамаломада шинос шуд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши пай дар пайи 7-8 майи соли равон ва омадани сел дар деҳаҳои Навобод 4 ва Навобод 5-и деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 19 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, қариб 100 гектар замини кишоварзӣ фурӯ рафт.
Тибқи иттилоъ, айни замон боз 10 манзили истиқоматии дигар дар ҳолати хатарнок қарор доранд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд.
Барои сокинони зарардида хаймаҳои муваққатӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон зарардидагон бо хӯроки доимӣ таъмин карда шудаанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои зарардидагон минтақаи нав барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардида, мутахассисон корҳои санҷиширо идома дода истодаанд.
Сарвазири мамлакат масъулонро вазифадор кард, ки ҳарчӣ зудтар корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинонро оғоз намуда, роҳу пул ва дигар оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сокинони зарардида заминҳои кишоварзӣ низ ҷудо гардида, барои кишти маҳсулот ба онҳо кумак расонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар идомаи сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ кумак карда мешавад.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон











Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






