Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дод

Май 6, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеъ марказҳои хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ ва муассисаи таълимиро мавриди истифода қарор дода, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсу шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Марказҳои хизматрасонӣ дар деҳаҳои Ҷаврез, Чорбоғ ва Саричашмаи ноҳия бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Султонмурод Давлатов, Абдусатор Аҳтамзода ва Хайём Асадов дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар деҳаи Осмонбика майдончаи варзишии болопӯшида ба истифода дода шуд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тағайхӯҷа Аюбов бунёд карда шудааст.

Марказҳои хизматрасонӣ  дорои нуқтаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ҳаммом буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани се маркази хизматрасонӣ ва майдончаи варзишӣ қариб 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Сипас дар деҳаи Осмонбика бо иштироки Сарвазири мамлакат бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба истифода супорида шуд.

Солҳои тӯлонӣ хонандагон дар бинои кӯҳна таҳсил намуда, аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ кашида, ҳамзамон дар се баст таҳсил менамуданд.

Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилоти хонандагон иншоот бо сифати баланд сохта шуда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Синфхонаҳо бо тамоми лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, ҷевон, тахтаҳои синфӣ ва компютер ҷиҳозонида шудаанд.

Иншоот бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шуда, дар саҳни муассисаи таълимӣ гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Барои таъмини муассиса бо об аз як километр об оварда шуда, дар баробари ин 120 хоҷагии деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.

Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин шинос гардид.

Роҳи мазкур 32 километрро ташкил дода, дар корҳои сохтмонӣ 335 нафар мутахассис бо истифода аз 75 техникаву механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии кормандон 269 нафарашро мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази табиқи лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳа дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуда, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 то 33 метрро дар бар гирифта, дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад.

Дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин сохтмони се пул, 38 адад қубури обгузар, чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани минтақаҳои аҳолинишин, таъмир ва кӯчонидани хати барқ, газ, алоқа ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа моҳи июни соли 2019 оғоз гардида буд.

Ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техникаву механизми муоисири роҳсозӣ ва фаъолияти шабонарӯзӣ ба пешрафти корҳои сохтмонӣ дар ин роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ замина гузоштааст.

Сарвазири мамлакат бо рафти бунёди бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои Кумитаи идораи замини ноҳия шинос шуд.

Тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шуда, иншооти бунёдшаванда бо инобати талаботи муосири сохтмонӣ бунёд карда мешаванд.

Сипас Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо рафти корҳои сохтмони корхонаи нассоҷӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид.

Корхонаи нассоҷии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Чармгарони Поён мавҷуд буда, имрӯзҳо  50 нафар мутахассиси ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Бояд зикр кард, ки то имрӯз аз ҷониби “ҶДММ Бунёд-2” корҳои сохтмонию васлгарии бинои баландошёнаи истиқоматӣ иҷро шуда, корҳои сохтмони оҳану бетонӣ дар 8 ошёна, ки 70 ҳуҷра дорад, ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ гардида, баъди ба истифода супоридан дар маркази мазкур 30 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Тибқи нақша, бинои мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Дарёи Ёхсу дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 43 километр тӯл кашида, соҳилҳои дарёи мазкур хатарнок гардидааст.

Дар натиҷаи боронҳои пай дар пайи солҳои 2020-2021 сатҳи дарёи Ёхсу баланд гашта, саддҳои муҳофизатии мавҷудаи мавзеи Фурудгоҳ бо дарозии 1,5 км ва Минтутро бо дарозии 300 м хароб гардонид.

Ҳамчунин дарёи Ёхсу дар деҳоти ноҳияи Восеъ низ ба манзилҳои истиқоматии сокинон ва заминҳои кишоварзӣ таҳдид мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд гардидааст.

Вобаста ба ҳолати ҷойдошта Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ниҳодҳои дахлдорро вазифадор кард, ки ба василаи фаъолияти дастаҷамъона баҳри пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини бехатарии сокинон аз захира ва имконоти ҷойдошта васеъ истифода карда, дар ин самт фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монанд.

Дар идома таҳти раёсати Сарвазири мамлакат машварати корӣ баргузор гардида, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар кори ҷаласа дар баробари дигар самтҳои муҳим ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳри Кӯлоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ дар шаҳри Кӯлоб сохтмон ва навсозии 873 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 703-тои он пас аз бунёд ва навсозӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 80,5 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки новобаста аз рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб то ҳол мушкилот дар шаҳр зиёд мебошанд. Аз ин рӯ аз масъулон дарки баланди масъулияти бардӯшдошта ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо талаб карда шуд.

Ҳамчунин дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб нимпайкараи ҳунарманди зиндаёд Кароматуллои Қурбон ифтитоҳ гардид.

Кароматуллои Қурбон ситораи тобноки санъати эстрадии тоҷик буда, бо ҳунару истеъдоди волояш дар ёдҳо боқӣ мондааст.

Май 6, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд