Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин шеър» насиби Абдуҷаббори Суруш гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Шоҳҷоиза»-и Озмуни «Беҳтарин шеър» дар Суғд насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Шаҳриёр Олимӣ, Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, Озмуни «Беҳтарин шеър» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибони тоҷик эълон шуда буд.
Дар доираи нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки бо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, нависандагони ҷавон ва мухлисони адабу фарҳанг дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид, ғолибони озмун муайян ва қадрдонӣ шуданд.
Ба шеъри довталабон адибон ва олимони тоҷик, аз ҷумла устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдухолиқ Набиев ва Аҳмадҷон Раҳматзод доварӣ намуданд.
Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардиданд. Ҳамчунин шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






