«Шоири исён, шоири ишқ, шоири риндон…». Дар Хонаи адибон ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир гардид

Май 17, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии яке аз устодони барҷастаи назми муосир, шоири маъруф устод Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор шуд.

Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки “устод Лоиқ дар навсозии шеъри муосири мо нақши барҷаста дошта, аз маҳбубтарин шоирони тоҷик ба шумор меравад”. Мавсуф дар суханронии худ муҳимтарин хусусияти шеъри Лоиқ, тарҷумаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, мусоҳибаҳо ва нигориши инсониву эҷодии ӯро ба таври мушаххас зикр намуд.

Дар бораи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоири зиндаёд гардонандаи маҳфил – Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба таври муфассал андеша ронда, ҷойгоҳи устод Лоиқро дар шеъри  Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон хеле назаррас донист.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ пораҳои ҷолиберо аз рӯзгори ҳамсабқиву дӯстӣ бо шоири равоншод ба ёд оварда, изҳор дошт, ки «Лоиқ аз замони донишҷӯӣ бо ҳушмандиву лаёқати хосаш фарқ мекард ва то охири умр ба дӯстону ҳамқаламонаш муҳаббату садоқати беандоза дошт».

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар суханронияш, аз ҷумла иброз дошт, ки “шеъри Лоиқ хонандагони зиёд дорад ва ӯ дар байни халқ то кунун ҳам аз замонавитарин шоирони мост”. Гулрухсор  иродати худро бо хондани шеъри муассире бахшида ба Лоиқ баён намуд.

Ҳамчунин донишмандону адибони маъруф Ҳақназар Ғоиб, Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон дар бораи сифатҳои волои инсонӣ ва хусусияти шеъри Лоиқ сухан гуфта, дар васфаш шеърҳо хонданд. Аз ҷумла  муовини Раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа шеъри  “Тарозуи ростӣ”-ашро, ки ба Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст, қироат намуд:

Аз Зарафшон зари сухан овард,

Бар сари ошиқон нисор намуд.

Форсии бузургро Лоиқ

Рӯдакивор зарнигор намуд.

Шоири шӯр, шоири исён,

Шоири ишқ, шоири риндон,

Шоири дард, шоири дармон,

Шоири сӯз, шоири вулқон

Ошиқиро ба содиқон бинмуд,

Содиқиро ба ошиқон бинмуд.

Лоиқиро ба шоирон омӯхт,

Шоириро ба лоиқон бинмуд.

Сӯйи мо сахту гар мулоим буд,

Зарбаи химчаи азоим буд.

Ҳуши моро ба сар ҳамеовард,

Эй дареғо, чи гуна қоим буд!

Дар тарозуи ростиву ҳунар

Шеъри моро дигар кӣ месанҷад?

Аз дурустии мо кӣ меболад?

Аз дуруштии мо кӣ меранҷад?

Сухани ҳақ ба рӯйи ноҳаққон

Баъди Лоиқ дигар кӣ мегӯяд?

Баъди ӯ з-ин ҷаҳони бемаънӣ

Маънии нав дигар кӣ меҷӯяд?

Аз Зарафшон зари сухан овард,

Бар сари ошиқон нисор намуд.

Форсии бузургро Лоиқ

Рӯдакивор зарнигор намуд.

 

Инчунин қироати шеърҳои Лоиқ аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба ҳамагон ҳаловати маънавӣ бахшид.

Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол, Афзалшоҳи Шодӣ ва сарояндаи хушовоз Абдумаҷид Бердиев бо сурудҳои дилошӯб маҳфилороӣ карда, шукӯҳи онро афзуданд.

АКС аз саҳифаи фейсбукии Бахтиёр Раҳмониён

Май 17, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд