Шунавандагони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» соҳиби шаҳодатнома мегарданд

Май 7, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 май дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумита Дилноза Аҳмадзода ва шунавандагони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» иштирок намуданд.

Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон имкон пайдо кард, ки дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо мақсади фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа маҳфили омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» ташкил намояд.

Ташкили маҳфили мазкур танҳо ба он хотир нест, ки иштирокчиён бо фаъолияти шахсони барӯманди ҷомеа ва ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ бохабар шаванд, балки бо гирифтани донишҳо қувваи зеҳнӣ ва тафаккури худро мустаҳкам намоянд.

«Тавре медонем, ҷомеа ҳамеша ба як қувваи пешбар ниёз дорад. Агар имрӯз ҳаёти сиёсиву  ҷамъиятиро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки ҷомеа ниёз ба қуввае дорад, ки роҳи дурустро муайяну мушаххас кунад. Имрӯз дар саргаҳи ин қувва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик дар самти эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд  ва ҳифзи арзишҳои миллӣ роҳнамо мебошанд. Маҳз ба шарофати Сарвари давлат мо тавонистем истиқлол ва озодиамонро ҳифз намоем»,- гуфт мавсуф.

Мақсад аз роҳандозии маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат», пеш аз ҳама, омӯзиши мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳу ваҳдат, корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.

Шунавандаи маҳфили  омӯзишӣ, донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳзода Ашуралиева иброз медорад, ки курси омӯзишии мазкур ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбият менамояд.

Мавсуф баргузор намудани чунин дарсҳоро идомаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нигоҳи тоза доранд ва ҳамеша барои татбиқи пешниҳоду андешаҳои мо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Баргузор намудани чунин дарсҳо барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон мусоидат хоҳад кард, зеро дар тӯли 3 моҳ мо бо донишҳои назариявӣ дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон шинос шуда, барои амалӣ намудани онҳо талош менамоем ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорем.

Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» тӯли  3 моҳ идома ёфта, мутахассисони варзидаи мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусияти хоси фарҳанги миллати тоҷик ба ҷавонон  дарс медиҳанд.

Дар маҳфили мазкур 30 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъ омада, пас аз хатми курс  онҳо соҳиби  шаҳодатномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.

 Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 7, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд