Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳелга Шмид масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 май мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Шмид сурат гирифт. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар меҳвари ин суҳбат қарор дошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
С.Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод.
Ҳ.Шмид аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда тавассути идомаи кӯшишҳо ва музокирот барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд. Зимнан Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.
Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд.
Дар мулоқот вазъи Афғонистон матраҳ гардида, саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар ин кишвар муҳим арзёбӣ шуданд. Дар ин маврид нақши Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе дар бозомӯзи онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардид.
С.Муҳриддин зикр намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон ҳавасманд мебошад.
Тарафайн барои истифодаи имконияти фаровон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар чорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






