Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Покистон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Май 5, 2021 15:18

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар суҳбат масъалаҳои робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба аҳамияти тавсеаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳангу сайёҳӣ ва саноату энергетика таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 5, 2021 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд