Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Макей дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ намуданд

Май 19, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазоарти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро муҳокима карда, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ба ҳамкории кишварҳо дар самти тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамзамон вазирон пӯёии мусбати гардиши тиҷорати байни ду кишварро зикр  намуда, натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро, ки 5-7 апрели соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд, баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти бузургдошти 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар соли 2021 вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ба рӯйдоди мазкур омодагӣ бинанд ва онро бо чорабиниҳои зиёд ғанӣ кунанд.

Дар фарҷоми музокирот Нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Май 19, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд