Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара кумак расониданд

Май 12, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 май  дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи хайрхоҳонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои маълуми рӯзҳои охир дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғистон зарар диданд, кумак расониданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки мазкур аз 7 мошин иборат буда, намояндагони ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён зимни тақдими кумакҳо ба сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло изҳор намуданд, ки дар ин рӯзҳо ҳамеша дар паҳлӯи сокинони шаҳру деҳоти Исфара, аз ҷумла деҳаву маҳаллаҳои наздисарҳадии он ҳастанд.

-Дар ин рӯзҳо дар канори мардуми деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, махсусан мардуми ғаюри маҳаллаҳои Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ будан барои мо, сокинони ноҳияи Мастчоҳ шарафу ифтихори бузург аст, — гуфт муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми роҳбарият ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ барои оилаҳои осебдидаи деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла зиёда аз 20 ҳазор дона хишти пухта, 15 тонна семент, 2200 дона хишти сементӣ, 8 куб тахта, 160 дона шифер, 75 кг мех, 20 дона сатил, 250 кг орд, 100 кг макарон, 100 кг биринҷ, 50 кг равған, 20 дона курпача, 5 дона қолину рахти хоб ва дигар маводи зарурии рўзгор дастрас карда шуд.

АКС: аз манбаъҳои боз

Май 12, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд