Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар Душанбе баррасӣ гардид

Май 19, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии /ИББ/ Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ барои давраи миёнамуҳлат  (2022-2026) яке аз масъалаҳое  буд, ки дар ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ, ки дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳайатҳои Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ-и Россия, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии  Ӯзбекистон, РСК «Банк»-и Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон иштирок намуданд. Ҳамзамон гурӯҳҳои кории Бонки давлатии рушди Чин, «Ҳабиб Бонк»-и Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории  Ҳиндустон тариқи маҷозӣ ширкат карданд.

Муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода дар оғози ҷаласа зикр намуд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкории байнибонкӣ дар доираи СҲШ буда, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷо сайъ намоянд.

Зикр шуд, ки «Амонатбонк» омода аст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешистода тадбирҳои зарурӣ андешад.

Коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд, сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ва  таҳкими ҳамкориро дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ намуданд.

Аксҳо аз БДА Тоҷикистон «Амонатбонк»

Май 19, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд