ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 май, якшанбе, 129-умин рӯзи соли 2021 аст
9 майи соли 1975 дар шаҳри Душанбе боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» ифтитоҳ гардид.
***
7 сол пеш, 9 майи соли 2014 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба бар фашизм маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 ташкилоти бузурги чавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Россия дар Конфронси таъсискунандаи Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
9 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи Ғалаба.
РӮЙДОДҲО:
9 майи соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Кавасакии Япония дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук гурзандози тоҷик, президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров мақоми сеюмро касб намуд.
***
9 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
***
8 сол қабл, 9 майи соли 2013 Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 112-умро ишғол кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1917 Ҳукумати муваққатии Россия дар бораи пурра барҳам додани сензураи матбуот хабар дод.
***
9 майи соли 1956 Ҷумҳурии Федеративии Германия ба ҳайати Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ — НАТО) шомил шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1754 аввалин расми ҳаҷвии (карикатураи) америкоӣ нашр шуд.