ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО! Дар Душанбе иҷораи скутери барқӣ ва велосипед торафт бештар маъмул мегардад

Май 9, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 09.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо омадани бемории ҳамагири Covid-19 талабот ба  велосипед ва фурӯши он афзоиш ёфт. Ҳангоми хуруҷи беморӣ истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятӣ барои мардум  нигаронии асосӣ шуда буд. Фаъолияти ҷисмонӣ ва таваҷҷуҳ ба саломатии худ одамонро на танҳо дар Аврупо, балки дар ИДМ низ водор кардааст, ки аз нақлиёти сайёр – дучарха ё скутерҳои барқӣ истифода баранд.

Бояд гуфт, ки дар пойтахти Тоҷикистон то ҳол ягон пайраҳаи махсус барои нақлиёти дучарха вуҷуд надорад, аммо дӯстдорони дучархарониро метавон дар соҳили дарёи «Душанбе» ё дар роҳҳову боғҳои пойтахт вохӯрд. Дар тарафи соҳили дарё шумораи  пиёдагардон кам аст ва  хоҳишмандон метавонанд бемамониат дучарха ронанд. Нафароне, ки велосипеди  шахсӣ надоранд, метавонанд онро тамоми рӯз ба иҷора гиранд.

Мавриди зикр аст, ки тобистони соли 2020  ширкати туристии «Роҳат Тур» дар Душанбе лоиҳаи «Парасту» — хидмати мубодилаи скутерҳои барқӣ ва велосипедҳоро кушод.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори ширкати “Парасту” Эмомалӣ Давлатов иброз намуд, тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, имрӯзҳо дар 5 қисмати пойтахт,  аз ҷумла   дар назди  “Кӯли ҷавонон”, боғҳои “Куруши Кабир”, “А.Фирдавсӣ”,  “С. Айнӣ” ва “Наврӯзгоҳ” истгоҳҳои “Парасту” фаъолият мекунанд. Ба иттилои мавсуф, дар онҳо зиёда аз 100 адад скутери барқӣ ва 100 адад  велосипед мавҷуданд,   ки онҳоро аз 15 дақиқа то 1 рӯз дар ҳамаи боғҳои пойтахт ба иҷора гирифтан мумкин аст.

Мавсуф афзуд, ки скутерҳои барқиро дар 60 дақиқа  бо нархи 30 сомонӣ ва дар 30 дақиқа бо нархи 20 сомонӣ, дучархаро дар 60 дақиқа бо нархи 15 сомонӣ ва дар 30 дақиқа бо нархи 10 сомонӣ ба иҷора гирифтан мумкин аст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ҳангоми иҷора гирифтани дучарха ё скутери барқӣ гирифтани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият зарур аст, то шартномаи иҷора баста шавад.

Бояд гуфт, ки дучарха таваққуфгоҳи махсус талаб намекунад ва скутерҳои барқии “Парасту” қодиранд суръатро то 25 км/соат зиёд кунанд. Инчунин истифодабарандагон метавонанд скутерро аз як истгоҳ иҷора гирифта,  дар ҷои дигар гузоранд.

Бартарияти дучарха ва скутерҳои барқиро одамон дар он мебинанд, ки  агар  бо велосипед 7 километр роҳро тай кунанд, ба ин восита фазоро аз 1 кило партови гази карбон ва худро дар 1 соат аз 500 калория вазн наҷот медиҳанд. Давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷонибдори онанд, ки шаҳрвандон аз намуди экологии нақлиёт истифода баранд.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи “Парасту” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеа бахшидани тарзи ҳаёти солим таҳия шуда, тӯли 2 сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Ҳар сол дар кишвар сафи дӯстдорони педалинги велосипедӣ бештар мешаванд.

Доир ба ин намуди варзиш марафонҳо ва мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Пас  аз замони Шӯравӣ  бори аввал дар ҷумҳурии Тоҷикистон  Федератсияи велосипедронӣ таъсис дода шуд. Федератсия 14 апрели соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз қайди давлатӣ гузашта,  ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре Президенти Федератсияи мазкур Озодхон Давлатшоев иброз  намуд,  имрӯзҳо Федератсия бо мактабҳои варзишии маҳорати олии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти мунтазами муштарак дошта, дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филиалҳо дорад.

Ҳамзамон мактабҳои варзишие ҳастанд, ки бо Федератсия ҳамкорӣ менамоянд ва варзиши велосипедронӣ таълим медиҳанд.

Яке аз онҳо Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши амалӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки 27 варзишгар дорад. Клуби варзишии велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе бо 18 варзишгар, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои  риштаҳои амалӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  бо 26 варзишгар, Мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои  риштаҳои амалӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  бо 22 варзишгар ва  Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Дӯстӣ бо 21 варзишгар аз ин ҷумлаанд.

Мавриди зикр аст, ки Федератсия рӯ ба пешравӣ дошта,  варзишгарони  велосипедрони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ   ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Моҳҳои май–июли имсол баргузории якчанд мусобиқаҳои велосипедронӣ ба нақша гирифта шудааст. 23 майи соли 2021 бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузории марафони ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар назар аст, ки дар он ҳам варзишгарони дучархарон ва ҳам ҳаваскорон ширкат меварзанд. Инчунин ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сол якчанд мусобиқаҳо баргузор мешаванд.

29 май баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ  миёни ҷавонон дар  шоҳроҳи шаҳри Хуҷанд, моҳи июн баргузории мусобиқаи  ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар Бохтар, моҳи июл баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ  дар шоҳроҳ ва трек дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

“Ҳамзамон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода,  мусобиқаи велосипедронӣ дар шоҳроҳи  Хоруғ-Душанбе байни ҳамаи категорияҳо, Мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ  дар шоҳроҳи вилояти Хатлон, мусобиқа барои Ҷоми Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Марафони дучархаронӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва даври интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи шаҳри Тошканд ба нақша гирифта шудааст”,-тазаккур дод Президенти Федератсия.

Озодхон Давлатшоев афзуд, ки шумораи дӯстдорони велосипедронӣ дар мамлакат  тадриҷан меафзояд, хусусан пас аз пандемия, зеро ҳама медонанд, ки велосипедронӣ- рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим аст. Федератсия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд низ барои рушди ин намуди варзиш имконият фароҳам оварад. Ғайр аз ин, дар федератсия барои зиёд кардани сафи варзишгарон ва дӯстдорони велосипедронӣ бахши нави велосипедронӣ кушода шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз манбаъҳои боз

Май 9, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад