ТАВАҶҶУҲ! Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ хоҳиш менамояд аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, №12-р аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шудааст, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш менамояд, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд.








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






