Театри лӯхтак намоиши «Гули қоқу»-ро дар Фестивали II байналмилалии намоишҳои кӯдакона дар шаҳри Владимири Федератсияи Россия манзур мекунад
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Спектакли ҷолиб ва накупарваронаи кӯдаконаи «Гули қоқу»-ро Театри давлатии лӯхтаки Душанбе дар Фестивали II байналмилалии намоишҳои кӯдаконаи театрҳои лӯхтак «МайдаЧА» («МалишОК») манзур менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари бадеии театр Наргис Розиқзода иттилоъ дод.
Фестивал аз 27 май то 2 июн дар шаҳри Владимир (Федератсияи Россия) баргузор мешавад.
«Спектакл дар шакли онлайн пешниҳод карда мешавад, барои ин дар театр тамоми воситаҳо ва имконоти зарурии техникӣ мавҷуданд», — зикр кард роҳбари бадеии театр.
Ба гуфтаи мусоҳиб, ин спектакл, ки маҳбуби кӯдакони Тоҷикистон шуда, ба фестивал пешкаш гардидааст, афсонаест дар бораи некӣ ва муҳаббат ба наздикон.
Гули қоқуи хурдакак, ки дар марғзори ҷангал мерӯяд ва имкони ҳаракат кардан надорад, илоҷе карда, ба ҳама эҳтиёҷмандон некӣ мекунад. Вай хурд аст, аммо дили бузурги меҳрубон дорад. Дар паҳлӯи ӯ бобои куҳансол — Қоқу мерӯяд, ки ҳамеша аз ҳама чиз норизо аст. Аммо дар фарҷом, корҳои нек ва сурудҳои Гули қоқу, инчунин ҳама чизе ки дар атрофи ӯ рух медиҳанд, бобои Қоқуро тағйир медиҳанд.
Спектакли худро Театри давлатии лӯхтаки Душанбе 30 май пешкаш мекунад. Муаллифи спектакли кӯдакона Маҳинбону Ҳасанова, коргардон Мунира Зоирова ва оҳангсоз Шаҳринисо Яковлева мебошанд.
Инчунин дар фестивал дастаҳои театрии Булғористон, Беларус ва Қазоқистон спектаклҳои худро намоиш медиҳанд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






