Театри мазҳака-мусиқии ба номи С.Вализодаи Кӯлоб бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муъминобод консерт доир намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Якачинори Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод тибқи нақшаи дуҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб барномаи маърифатию фарҳангӣ доир гардид.
Тавре мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи таблиғотӣ ва фарҳангӣ нахуст бо сокинони деҳоти мазкур ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор намуд.
Аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод зимни суханрониҳо, аз ҷумла таъкид карданд, ки соли равон барои мардуми Тоҷикистон соли одӣ не, соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.
-Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишуда саҳм гузошта, корро аз ободу зебо ва сабзкори кардани манзили хеш оғоз намоем, -иброз доштанд онҳо.
Пас аз вохӯрӣ қисмати фарҳангии барнома оғоз гардида, санъаткорони Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ вализодаи шаҳри Кӯлоб бо барномаи рангин хотири ҳозиринро шод гардониданд.










Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






