Тоҷикистон аз рӯи шумораи квотаҳои дарёфтнамуда барои таҳсил дар донишгоҳҳои Россия пешсаф мебошад
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба зиёда аз 5 ҳазор барномаҳои омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Россия бахшҳои омӯзиши технологияҳои зеҳни сунъӣ (ЗС) илова карда мешаванд, гуфт роҳбари Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия Валерий Фалков дар ҷаласаи Президенти Россия Владимир Путин бо аъзои ҳукумат, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Ба зиёда аз 5 ҳазор барномаи таълимӣ аз рӯи тамоми ихтисосҳо ва самтҳои омодасозӣ бахшҳои омӯзиши технологияҳои зеҳни сунъӣ бо мақсади таълими истифодаи чунин технологияҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият илова карда мешаванд», — гуфт Фалков. Ба гуфтаи ӯ, ин бахшҳо дар якҷоягӣ бо ширкатҳои пешрафтаи соҳа — «Яндекс», Mail.ru, «Сбер», ВТБ таҳия шудаанд.
Илова бар ин, то 1 сентябр Вазорати маориф ва илм барномаҳои таълимиро аз рӯи ихтисосҳо ва самтҳои таълимии вобаста ба коркард ва рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ навсозӣ мекунад. Мундариҷаи онҳо ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ карда хоҳад шуд.
Вазорати маориф ва илм интизор дорад, зикр кард Фалков, ки имсол соҳаҳои муҳандисӣ, омӯзгорӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва инчунин ихтисосҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ дар байни довталабон ҷолиб хоҳанд буд. «Дар ду соли охир мо шумораи ҷойҳои буҷетиро барои тайёр кардани кадрҳо барои иқтисоди рақамӣ тақрибан ду баробар зиёд кардем», — хабар дод вазир.
«Сарфи назар аз пандемия ва омилҳои дигари манфӣ, мо зикр мекунем, ки то ҳол сатҳи таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ ба таҳсилоти олии Россия баланд аст», — иттилоъ дод Фалков ва иброз дошт, ки дар ин робита ҳукумат шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби буҷа зиёд кард. Ба гуфтаи вай, аз рӯи теъдоди квотаҳо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон пешсаф мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






