Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни минтақаҳо ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ояндаи наздик ҷиҳати кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар миёни минтақаҳои ҳарду давлат мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд. Ин масъала дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки дар шаҳри Тошканд бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, баррасӣ шуд. Тибқи хабари Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гурӯҳи корӣ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим низ шомил буд.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави омодагӣ ба сафари дарпешистодаи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳокима карданд.
Дар ҷараёни музокирот имконоти эҳтимолии афзоиши минбаъдаи мубодилаи мол баррасӣ шуд. Дар ин замина, дар бораи тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими ҳамкории саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноати маъдан ва электротехника, энергетика ва нақлиёт гуфтушунид баргузор гардид.
Пас аз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ протокол ба имзо расид, ки дар қатори дигар масоили мубрами ҳамкорӣ масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар самти нақлиёту роҳ низ дар он дарҷ гардид.
Аз ҷумла, ҷонибҳо барои ба анҷом расондани расмиёти тасдиқи лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи транзити молҳои хатарнок тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон» то охири моҳи майи соли 2021, таҳияи лоиҳаи Протокол «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон», дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои омехтаи нақлиёти автомобилии байналмилалӣ баррасӣ намудани мубодилаи шумораи иҷозатномаҳо барои интиқоли ангишт ва намак, дар ояндаи наздик кушодани хатсайрҳои автобусҳои мусофирбар байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи талаботи карантин ба мувофиқа расиданд.
Тарафҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон имкони ташкили омӯзиш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд ва дар муассисаҳои таълимии касбии ҶСК «Ӯзбекистон Темир Юллари»-ро барои мутахассисони соҳаи роҳи оҳан баррасӣ карданд. Ҳамчунин мувофиқа карда шуд, ки барои рушди долони Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Чин ва баръакс, аз ҷумла нақлиёти мултимодалӣ дар ин масир тадбир андешанд.
Акс аз Вазорати нақлиёти ҶТ








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






