«ТУ ҲАМ ЁДЕ БИКУН АЗ МАН…». Дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб нимпайкараи Кароматулло Қурбонов гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб нимпайкараи ин сарояндаи мумтози тоҷик гузошта шуд. Дар маросими ботантанаи пардабардорӣ аз рӯи нипайкара Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Пас аз ифтитоҳи ёдгорӣ садои сурудҳои Кароматулло Қурбонов «Баҳорам», «Ватан», «Душанбе», «Суғдиён», «Гулзори ман», «Варзоб», «Ту ҳам ёде бикун аз ман» дар фазои муассиса таниандоз гардиданд.
Фарзандони Кароматулло Қурбонов – овозхонҳои ҷавон ва маъруфи мамлакат Муҳаммадрофӣ ва Нозияи Кароматулло ин рӯйдодро дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар муҳим ва хотирмон арзёбӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои чунин поси хотири падари равоншоди худ изҳори сипос намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб соли 1989 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, соли 1991 чун Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Кӯлоб мустақил гардид ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиткистон соли 2004 ба Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонов табдил дода шуд.
11 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилооъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст. Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо айёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошад.











Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






