Туркия омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумак расонад
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад.
М.Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид кард, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки зарурӣ расонад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






