«ТУРНАҲОИ МУСОФИР». Таҳти ин унвон китоби нави адиб Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Турнаҳои мусофир» -таҳти ин унвон Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» китоби адиб Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзодро ба нашр расонид.
Маҷмӯа бо сабку нигориши хосса таълиф гардида, аз гулчини ҳикоёт, аз ҷумла «Сурат», «Фарёди сукут», «Найнавоз ва писарак», «Ашки паҳлавон», «Нишони тилло» ва ғайра иборат мебошад. Аз рӯи аксари ҳикояҳои ин китоб филмҳои мустанад ба навор гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, форсӣ, беларусӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ ба нашр расидааст. Мавсуф намунаи осори адибони ҷаҳонӣ Лев Толстой, А.П. Чехов, шоҳи насри Гурҷистон- Михаил Мишевеладзе, В. Распутин, В. Шукшин, Ион Лука Караҷале, инчунин китоби барандаи Ҷоизаи ҷавонони Ҷумҳурии Мари-Эл Юрий Артамонов («Вкус земляники») «Шаҳди марминҷон»-ро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Умед аст, ки китоби «Турнаҳои мусофир»-и нависанда Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод, ки барои дарёфти ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ пешниҳод шудааст, сазовор буда, аз ҷониби ҳакамон дастгирӣ меёбад.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод 19 сентябри соли 1957 таваллуд шудааст. Дастпарвари мактаби миёнаи рақами 6-и ноҳияи Восеъ буда, бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм намудааст.
Мавсуф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ, дорандаи Ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.
Ӯ дар нашрияҳои «Газетаи муаллимон», «Роҳи ленинӣ», «Барои коммунизм», Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон- «Килк», Дафтари матбуоти Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳоло муовини сардори Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муаллифи 10 маҷмӯаи насрӣ, як силсила мақолоти публитсистӣ, филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Писарак» ва «Падар» мебошад. Публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ» бо рамзи муҳаббати саршори ифтихормандӣ аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014, ба 7 забон) ба табъ расида, ҳамзамон, аз ҷониби Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм ба забони модарӣ барои китобхонаҳои мактабҳои миёнаву олӣ тавсия шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидматҳои бисёрсола ва бенуқсон дар соҳаи матбуоти тоҷик бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






