Умед Бобозода бо Сезин Синаноғлу ва Ана Луктела мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 май мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлу ва роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимӣ хонум Ана Луктела баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, зимни мулоқот Умед Бобозода ба Сезин Синаноғлу оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат назаррас мебошад.
Умед Бобозода иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро бо Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои алоҳида мувофиқи мақсад шуморида, пеша намудани чунин иқдомро вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бахши ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим ва идома додани онро ба манфиати кор медонад.
Дар охири мулоқот хонум Сезин Синаноғлу ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобилан судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






